top of page
IMG_2593_edited.jpg

ЗИНДАГИНОМА

​                                                                   Зиндагиномаи Сӯҳроб Отаев
Деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо шоирони номӣ, санъаткорон ва ҳунармандони беҳамтояш ном баровардааст. Дар байни садҳо ҳунармандони хушсалиқааш Сӯҳроб Отаев низ дар фарҳанги тоҷик мақоми худро дорад. Отаев Сӯҳроб Маҳкамович санаи 11 июли соли 1981 дар оилаи санъаткор Отаев Маҳкам Дадобоевич ба дунё омадааст. Давраи кӯдакӣ ва наврасияш дар деҳаи Рӯмон ва шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) сипарӣ гаштааст. Соли 1998 Сӯҳроб Отаев мактаби миёнаи рақами 14-и шаҳри Гулистонро хатм мекунад. Сӯҳроб Отаев аз хурдсолӣ шавқи беандоза ба санъат ва овозхонӣ дошт. Аввалин устод ва раҳнамояш дар ин ҷодаи пурзаҳмат падараш Отаев Маҳкам Дадобоевич буд. Фаъолияти эҷодӣ ва ҳунарии Сӯҳроб Отаев аз соли 1999 баъди хатми мактаби миёна оғоз гашт. Яъне дар ин давра аллакай барои эҷоди суруду оҳанг пухта расида буд. Ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар синфҳои 5-6 Сӯҳроб Отаев бо падар навохтани синтезатор – арғунуни барқиро омӯхта буд ва орзуи ҳунарманд ва овозхон гаштанро аз хурдсолӣ ӯ дар дил мепарварид. Падараш ҳам шавқи даруни дили фарзандро дониста ӯро ба ҷодаи санъат раҳнамоӣ мекард. Ҳанӯз он солҳо Сӯҳроб Отаев бо додараш Шӯхратҷон Отаев гурӯҳи ҳунарии «Шифо-бойз»-ро таъсис дода буд ва дар ин гурӯҳ ҳунари худро такмил медод ва офаридаҳои ҳунарашро омода мекард. Сӯҳроб Отаев дар муддати кӯтоҳ тавонист, ки ғарқи эҷодиёт гашта, барои фаъолияти минбаъдаи худ сабки худашро ба вуҷуд овард. Сурудҳоро ӯ бо якчанд забон ба таври ширу шакар месуруд. Сурудҳои «Думала», «Анора», «Ҷони ман» ба таври ширу шакар арзи ҳастӣ кардаанд. Бо ҳофизон ва санъаткорони дигар сурудҳои эстрадаро иҷро мекард. Аммо дар ҷустуҷӯ ва пайравиҳо дарк кард, ки барояш сабки эстрада ва эстрадаи халқӣ созгор аст. Бо ин сабки сарояндагӣ дар андак фурсат сурудҳояш тариқи клип-консертҳо аз телевизионҳои маҳаллӣ ва аз радиоҳои маҳаллӣ ба мардум расонида шуданд. Хушбахтона, ин сабки ҳофизии ӯ ба мардум писанд омад. Ба сарояндааш шуҳрати беандоза овард. Сурудҳои куҳнаи халқӣ, ки аз хотирҳо фаромӯш гашта буданд, бо намуди нав ба тарзи замонавии эстрадӣ ба шунавандагон пешкаш гаштанд. Сурудҳои пешниҳодкардаи Сӯҳроб Отаев «Ай шӯхи дилороям», «Адоят мешавам», «Хушдоманҷон» ва ғайраро, ки соли 2004 эҷод гашат буданд, калонсолон гӯш карда, сурудҳои замони ҷавонияшонро ба ёд меоварданд, ҷавонон бошанд, аз оҳангу суруди эстрадаи замонавӣ баҳраманд мегаштанд. Оҳиста-оҳиста сурудҳои Сӯҳроб Отаев мухлисон ва ҳаводорони зиёд пайдо кард. Дар кӯчаҳо бачагону ҷавонон онҳоро замзама карда мегаштанд. Ин буд, ки бо дархости сершумори мухлисон нахустконсерти Сӯҳроб Отаев дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт. Мухлисон бо гулдастаҳо ва бо дилхушӣ консертро тамошо карданд, ҳаяҷон ва ҳиссиёти баланд онҳоро водор карда буд, ки аз беқарорӣ ба рақс дароянд ва сурудҳои ҳофизи дӯстдоштаашонро дар баробараш замзама кунанд. Ин консерти намакини Сӯҳроб Отаев боисти зиёдтар гаштани овозаи ин ҳанарманд ва маҳбубияти ӯ дар байни мардум гашт. Минбаъд Сӯҳроб Отаев дар бисёр чорабиниҳои фарҳангӣ ва оммавӣ, ки дар ҳудуди вилояти Суғд баргузор мегашт, фаъолона ширкат меварзид. Хизматҳои Сӯҳроб Отаевро ба назар гирифта, ӯро бо «Ифтихорнома»-и раиси вилояти Суғд, ҷоизаи «Ифтихори вилояти Суғд» (Гордость Согдийской области, 2006), унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо қадр кардаанд. Сӯҳроб Отаев ҳар сурудашро худаш эҷод мекунад ва дар раванди эҷодӣ худаш навозанда, мусиқишинос, бастакор, клипмейкер дар студия мешавад. Ба қавле тамоми бори гарони эҷодиро дар зиммаи худ дорад. Маҳз заҳматҳо, меҳнатдӯстӣ ва муҳаббат ба ҳунару мухлисонаш ҳаст, ки дар ин муддат Сӯҳроб Отаев зиёда аз 200 суруд эҷод кард. Ҳашт албоми худро манзури мухлисон гардонид. Сӯҳроб Обаев бе эҷод, бе санъат ва ҳунар зиндагияшро тасаввур карда наметавонад. Меомӯзад, эҷод мекунад, то ки мухлисонашро ҳама вақт хурсанд гардонад. Сӯҳроб Отаев, оиладор, соҳиби ду фарзанд – Меҳроб ва Беҳрӯз аст, ки ҳарду ҳам дӯстдори санъату ҳунар мебошанд.
bottom of page